БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Чашма»-и Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон атрофи баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир шуд ва дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  иштирок ва суханронӣ карданд.

Масъулин зимни суҳбат дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолии кишвар,  ҳодисаи шаби 6-ноябри соли равон, ки аз ҷониби як гурӯҳи хоинон амалӣ террористӣ анҷом дода шуд, андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, назорати ҷавонону наврасон дар самти пешгирӣ аз амалҳои ношоиста раҳнамоӣ карданд.

Дар охир  иштирокдорон суханрониҳои судманро ҳамаҷониба дастгирӣ  карда,  рафту кирдорҳои нангину хоинонаи душманони давлату миллатро сахт маҳкум намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg