БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ АМАЛИ НАНГИН АСТ!

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти нав»-и  ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар  чорабинӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мубориза бар зидди коррупсия ба яке аз масъалаҳои глобалӣ ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Дар ҷаҳон давлате нест, ки зидди ин падидаи номатлуб мубориза набарад. Алҳол ин проблема тамоми давлатҳои ҷаҳонро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бо дарки хавфи баланди ин амалҳои номатлуб, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисоди хусусияти коррупсионидоштаро маҳкум намуда, муборизаи беамонро пеш гирифтааст.

Мубориза бар зидди коррупсия яке аз самтҳои фаъолияти тамоми институтҳои байналхалқӣ низ ба шумор меравад. Қобили тазаккур аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ якчанд санадҳои байналмилалиро, ки қисми таркиби низоми ҷумҳурӣ мебошанд, қабул намудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg