БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲИДАНИ АҲОЛӢ АЗ ХАТАРИ ҲИЗБУ ҲАРАКТҲОИ ГУНОГУНИ ИФРОТӢ

КӮЛОБ. Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳргон”-и деҳаи Дамариқи ҷамоати деҳоти Даҳана бо сокинон доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби масъулини ҳизби шаҳри Кӯлоб иброз гардид, ки бо гузаро шудани солҳо аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатару таҳдидҳо ба аминияти кишвар вуҷуд дошта, барои бархе аз кишварҳову ташкилотҳои террористӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият ва пешравиҳо дар тамоми самту соҳаҳо ба манфиати онҳо набуда, мехоҳанд ба ҳар роҳу восита нооромиро дар мамлакатамон ба вуҷуд биёранд. Албатта барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз ҷавонони ноогоҳ, истифода бурда, онҳоро ба доми худ кашида, шахсони бераҳму террорист омода намуда, бар зидди падару модар ва миллати худ душман менамоянд. Омили асосии барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ ин баланд бардоштани фарҳанги динию дунявии ҷавонону наврасон ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарбияи насли ҷавон бетараф набуда, баҳри пойдории сулҳу ваҳдати комил ва фазои орому осоиштаи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол масъулият ҳис намуда, баҳри ояндаи пурсаодати миллат саҳмгузор бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg