КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Каёниён” бо дар мавзӯи фарҳанги истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет доир гардид.
Нахуст, доир ба ин масъала намояндаи ҳизб суханронӣ намуда, гуфт, ки дар солҳои охир дастрасии мардум ба хизматрасониҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шудааст, ки ин талаби замон ва воқиф шудан аз дилхоҳ хабару рӯйдодҳои дохилии мамлакат ва берун аз он аст. Аммо барои бархе аз истифодабарандагон, ин ҳамчун воситаи дилхушӣ ва вақтгузаронӣ ба ҳисоб меравад, ки ин нодуруст ва ғайримақсаднок истифода бурдани интернет мебошад. Гузашта аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ бо пешниҳоди аксу видёроликҳо ва маводҳои фаҳшу бозиҳои гуногун ҷавонону наврасонро ба худ алоқаманд месозад, ки ин ҳолат дар раванди илмомӯзӣ ва фикрониву ақлонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ мо фаъолонро зарур аст, ки барои тарғиби фарҳанги истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бетараф набуда, барои дар роҳи рост тарбия намудани ҷавонон кӯшиш намоем.