БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ ШАРОИТИ АРЗАНДА БАРОИ МАРДУМ

ДАНҒАРА . Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳрвар”-и Ҷамоъати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.                          

Дар хониши сиёсӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи ммазкур баромад намуда, атрофи масъалаҳои муҳим, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ибрози андеша намуданд.   

  Дар идома оид ба аҳамияти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда қайд карданд, ки мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо пеши роҳи  таасубу хуруфотпарастӣ гирифта шавад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg