БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ АЗ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ гузаронида шуд.

    Масълини кумитаи иҷроияи мазкур оид ба сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуданд. Қайд гардид, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Самараи фаъолияти нусратбори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табассуми тифлони ин сарзамин шодии пирону ҷавонон, хандаи модарону падарон, нерўи бузурги бунёдкоронаи чароғистони Роғун, бунёди садҳо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф дар шаҳру навоҳии мамлакат таҷассум меёбад. 

        Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ, такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷори намудани рақобати солим, ташаккули низоми муоссири хизматрасонии тиббӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарўрӣ мешуморад, - таъкид доштанд масъулини кумитаи иҷроия.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg