ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Гушун» баргузор гардид.
Масъулин зимни баромад оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ вакилони халқ суханронӣ карданд карданд.