БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ВНМО ХУД ВА НАЗИКОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Корвонгузар»-и ноҳияи

Ҷайҳун бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.

    Масъулини кумитаи иҷроияи мазкур дар рафти чорабинӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки аввалин нишонаҳои бемории ВНМО- метавонанд дар моҳи аввали баъд аз сироят пайдо шаванд ва ба монанди зуком ё мононуклеози сироятӣ нишона дошта бошад. Ин давраро давраи шадиди беморӣ меноманд. Баъд аз он, солҳои дароз (8-10 сол) беморӣ ба давраи бенишонагӣ мегузарад, ки дар ин давра шахси гирифтори ВНМО ягон нишонаи бемориро надорад. Баъд аз ин давра бошад, давраи пайдошавии нишонаҳо сар мешаванд, ки ин нишонаҳо, вобаста аз сатҳи масуният ва хусусиятҳои ҳоси ҳар як организми инсон, гуногун мебошанд. Нишонаҳо гуногунанд, аз ҷумла таб ва дарунравии сабабашон номаълум, ки зиёда аз 1 моҳ давом мекунанд, лоғарии бесабаб, бемориҳои гуногуни замбуруғии пусту узвҳои инсон, авҷ гирифтани бемориҳои вазнин ба монанди сил, ситомегаловирус, пневмонияи пневмосисти, саркома Капоши ва ғайраҳо. Агар дар инсон яке аз нишонаҳо ва ё бемориҳои дар боло зикршуда пайдо шаванд, пас ин нишондод барои аз ташхиси ВНМО гузаштан мебошад. Барои муайян сохтани сирояти ВНМО шахс бояд таҳлили хунашро гузаронад.Чунин таҳлилхоро дар озмоишгоҳҳои махсус (аз ҷумла, марказҳои ВНМО-и шаҳру ноҳияхо) бо усули тести оҷилӣ ва ё ТИФ (таҳлили иммуноферменти) метавон гузашт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg