Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулобод»-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аксияи ҳизбӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур баргузор гардид. Бо дастгирии аҳолии маҳал, тариқи ҳашар зиёда аз 3 км роҳи маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия сангфарш карда шуд.