Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки васеъи ҷавонон, кормандон ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аксия зери унвони «Парчами мо- ифтихори мо!» доир карда шуд.
Иштирокчиёни аксия дар дастҳо аксҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парчамҳои ҳизбиву давлатӣ бо эҳтироми хоса ба ин марзу бум ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон ба кӯчаҳои шаҳрак баромада, ин ҷашни бузурги миллиро истиқбол намуданд.
Қисмати интиҳоии аксия дар толори муассисаи таълимии №1- и ноҳия бо баргузории барномаи ҷолиби консертие, ки хонандагони муассисаи мазкур дар якҷоягии кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия омода намуда буданд, анҷом ёфт.