БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТНЕРНЕТ БОЯД БА МАНФИАТ ИСТИФОДА ШАВАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эмаҳмадов Қаландар»-и ноҳияи Ҷайҳун  бо иштироки корманди масъули Кумитаи иxроияи ноҳиявии ҲХДТ   хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулини кумитаи иҷроия дар рафти чорабини вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд намуданд, ки интернет дар айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар як шахс метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳои ҷустуҷӯкунанда маълумотҳоеро пайдо намояд, ки соатҳо дар   ҷустуҷӯи он ранҷ мекашид. Мо имрӯз метавонем дар бораи ҳар як сиёсатшиноси барҷаста, олиму шоир, нависандаҳо ва дилхоҳ шахсиятҳои бузурги таърихӣ ба осонӣ ва бе ҳеҷ харҷи иловагӣ дар ҷои нишасти худ маълумоти заруриро пайдо намоем.

Дар айни замон рушди ҳеҷ як система, ҷомеа, ташкилот ва ҳатто давлатро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Худ тасаввур кунед агар як соат интернет дар кишвар қатъ гардад  ҳолат чи гуна мешавад.   Дар баробари қатъи алоқа тамоми бонкҳо аз кор мемонанд, ки зиёни он тасаввурнопазир аст.

Таъкид шуд, ки чун ҳадаф риояи одоби истифодабарии интернет аст, бояд  мо имрӯз аз зинаи аввал алакай аз овони мактабхонӣ  ба кӯдакон этикаи истифодаи интернетро омӯзем, одоби муошират тарзи истифода, аз кадом манбаъ истифода бурдан мумкин аст, кадоме фоидаовар ва кадоме зараровар, бояд ҳар фарзанди мо, шогирди мо онро донад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg