ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Рӯзи Парчами давлатӣ дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳияи Ёвон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар доираи нақшаи чорабиниҳо як зумра чорабиниҳои хоси ватандӯстидошта ва эҳтиром ба ин Рамзи муқаддаси миллӣ баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби масъулин ба узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид ва дар ин баробар ҳамчун рамзи дӯстиву садоқат ба Ватан зиёда аз 30 кубутар парафшон карда шуд.