БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ МУҚАДДАСТАРИНУ АЗИЗТАРИН НЕЪМАТ АСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалияноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ доир гардида истодаанд, ки аз суханрониҳои судманд сокинон ба худ таассуроти нек бардошта,  барои ташкилу баргузории суҳбату мулоқотҳо изҳори миннадорӣ баён карданд.

Дарчунин вохӯриҳо роҳбарияти  Кумитаи  иҷроияи  ноҳиявӣ  дар суҳбат иброз доштанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ,  миллати фарҳангсолори тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ, ба дастовардҳои бузург ноил гардида,  «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳуввияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати  тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg