![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20191121_095822.jpg?itok=1_ijFU1w)
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маданият»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулини кумитаи иҷроия дар суҳбат вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми сокинони мамлакат мебошад. Ҳоло Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра, чи дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, чи дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз шукуфоӣ ва пешрафти давлати тоҷикон, баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад.
Таъкид шуд, ки агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандориву меҳанпарастӣ меафзояд. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, гузаштаи дур ва имрӯзи фирӯзу фардои дурахшони халқ аст.