БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МО РАМЗИ ҲАЁТИ ОСОИШТА АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин ҷашн эҳтиром ва қадршиносӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатӣ мебошад.  

Ҳизбиёни ноҳияи Панҷ низ ин ҷашнро бо шукӯҳу шодмонии беандоза ҷашн гирифтанд. Тамоми мардуми ноҳия дар шоҳроҳи марказӣ ҷамъ омада буданд. Нахуст раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер бо сухани табрикотӣ баромад намуда, оид ба ин муқаддасоти кишвар, ки рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи тоҷик аст, суханронӣ намуд.

Баъдан хурду калони ноҳия,  аз ҷумла ҷавонону наврасон бо аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиору овезаҳо, гулдаставу парчамҳои хурду калон ва замзамаи сурудҳои ватандӯстона роҳпаймоии идона намуданд. Ҳамчунин дар роҳпаймоӣ парчаме, ки 250 метр дарозӣ дошт вориди майдон карда шуд.  

Дар охир барномаи рангини ҳунармандони Қасри фарҳанг пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg