БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРИСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилотҳои ибтидоии «Сайф Раҳими Афардӣ-1 ва 2»-и  Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ хониши сиёсӣ  баргузор карда шуд.

Дар мулоқот масъулин атрофи яке аз ҷашнҳои муқаддас Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, баён доштанд, ки Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Конститутсия, забони давлатӣ ва рамзҳои давлатӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ муқаддасоти миллӣ маҳсуб мегарданд.

Дар доираи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи басо фараҳбахшу гуворо маҳсуб мегардад. Тибқи ин санад санаи 24 ноябр ҳамасола дар кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷлил карда мешавад. Ин ҷашни муборак ҳамчун рӯзи ид чанд сол боз дар сатҳи баланд, бошукӯҳ ва шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили шукӯҳманди Рӯзи Парчами давлатӣ дар радифи арҷгузорӣ ба дигар арзишҳои миллӣ эҳтиром ва қадршиносии яке аз рамзҳои асосии давлатӣ-Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg