БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Конференсияи XXI-уми  ҲХДТ дар шаҳри Левакант  баргузор гардид.

Пеш аз оғози кори  Конференсия дар толор намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокдорон карда шуда, аз ҷониби ҳамагон ба ҳунару маҳорати занону бонувони чирадасти шаҳр баҳои баланд дода шуд.

Дар кори Конференсия узви Кумитаи иҷроия,  раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шафиев Исмоил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри ЛевакантВатанзода Сайҷаъфар ва  260 нафар вакилон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда,  ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия аз моҳи майи соли 2017 то октябри соли 2019,  ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ, аз моҳи майи соли 2017 то моҳи октябри соли 2019, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ, интихоби вакилон ба конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳокима гардиданд.

Ватанзода Сайҷаъфар доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, чорабиниҳои ҳизбӣ даъват намуд.

ИНчунин, дигар баромадкунандагон низ фикру андешаҳои хешро доир ба ташкилу баргузории  чорабиниҳои ҳизбӣ, маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботи соли 2020  баён дошта, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg