ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мирзо Турсунзода»-и Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Ваҳш вохӯрии судманд доир гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, пешрафту шукуфоии Ватан, саноатикунонии босуръати кишвар, ба фаъолият оғоз намудани чархаи дуюми НБО-и Роғун, ҳадафи татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки он масъалаҳои муҳими рӯзро дар бар мегирад, суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи обу хоки Ватан, боз ҳам ободу зебо кардани Тоҷикистони азиз, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри заҳматҳои Роҳбари давлат аз маърифати баланди ҳар яки мо вобастагии амиқ дошта, мо метавонем бо кору амалҳои созанда дар паҳлуи Пешвои миллат истода Ватанамонро аз ин дида обод созем.
Дар охир вобаста ба омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода- интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карда шуд.