ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Арча”-и ноҳияи Фархор бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории мулоқот ҳамаи ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, сипас оид ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст ба роҳ мондани хайру сахо ва мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ карданд.