БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН , ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо мақсади ҳарчӣ бештар тақвият бахшидани робитаи ҳизб бо мардум ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  ҳамоиши  навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и  Ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик   баргузор гардид. 

Зимни мулоқот масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарбияи дурусти  насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо, ҷалби ҷавонон ба ихтирооту навоварӣ, иштироки фаъолона дар   дар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуда,  аз ҳамагон баҳри  иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар, татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амл оварданд.

Дар охир байни кормандони ҳизбӣ ва иштирокдорон дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар суолу ҷавобҳо сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg