ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Навобод-2»-и Ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ роҳбарияти кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир карданд. Масъулони Кумитаи иҷрои оид ба қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” таъкид доштанд, ки гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад.