БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ баргузор карда шуд.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия, узви Кумитаи иҷроия шаҳрӣ, роҳбари Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Ҳақназарова Зулайхо ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, масъулин дар баромади хеш қайд доштанд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст. Аз ин рӯ мо бояд Парчами давлатии худро, ки ормони ин миллати озодихоҳ аст, арҷ гузорему эҳтиром намоем.

Инчунин, дар идома  изҳор дошта шуд, ки аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg