ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ бо иштироки раисони кумитаҳои маҳал, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба иғвоҳову дасисаҳои хоинони миллат, то рӯзи интихобот омода намудани маҳал, таъмини фазои солим, ҳамкории доимӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва мақомотҳои назоратӣ, ташкил намудани вохӯриҳо ва фаъол намудани гурӯҳҳои таблиғотӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки маъракаҳои муҳими сиёсӣ шаффофиятро талаб намуда, моро месазад дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ фаъол бошем.