БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ МО ӼИЗБИЁН БАӼРИ ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДУЧАНД МЕШАВАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

     Вохӯрии навбатӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноҳияи Восеъ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «АДСИН»-и Ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноҳия  баргузор гардид ва дар он самтҳои афзалиятноки   фаъолияти  ҳизб  мавриди баррасӣ қарор гирфтанд.

     Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи агентӣ муайян гардидааст.

      Иброз   шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013   тасдиқ гардидааст, таъин ва пардохти нафақаву кумакпулиӽои иҷтимоӣ ва пешгирии хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, дар ин раванд пайваста тадбирҳои зарурӣ  андешида меандешад.

   Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» ба як нафар маъюби гурӯӽи дуюм кумаки яквақтаина расонида шуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg