БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ҲИЗБИЁН ДАР РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шуъбаи  қабули беморони  беморхонаи маркзаии ноҳияи Вахш бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ҷалби  аъзои фаъоли ҲХДТ, аз ҷумла соҳибкорони муваффақ  дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи ин иншооти муҳим барои сокинон  Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, узви Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия  Юсуфов Қурбоналӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта,  аз шароити  кории   фароҳамовардашуда дидан карда, ба соҳибкорони ватандӯст   барои ин иқдоми нек  изҳори миннатдорӣ  намуданд.

Шӯъбаи қабули беморон бо сифати замонавӣ таъмир ва бо таҷҳизотҳои  муосир муҷаҳҳаз карда шуда, дар он мутахассисони соҳибтаҷриба  ба кор ҷалб гардидаанд, ки  барои  мардуми ноҳия хизмати  хуби тиббӣ хоҳанд расонд.

Сипас, Раҳмонзода Абдулло  дар саҳни бинои хуштарҳ  бо кормандони соҳа ва шахсони саховатманд  суҳбати самимона доир карда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд аз онҳо барои  бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими  сиёсӣ даъват ба амал овард.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg