БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

Андеша. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон -Тоҷикистон  буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Ҳамасола дар қатори дигар ҷашну санаҳои фархунда Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар байни онҳо ҷойгоҳ ва мақоми хос дорад,  бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Рӯзи Парчами давлатӣ чун нишонаи равшан аз саҳибдавлатӣ миллати тоҷик ва мустақилият буда, арзиши баланди маънавӣ дорад.

Он дар ба ҳам омадани миллат, ваҳдату ягонагии мардум, ифтихори миллӣ, тарбияи ватандӯстию ватанпарастӣ наврасону ҷавонон таъсири мусбӣ мерасонад.

Вақте ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ба хотири дастболо гардидани варзишгарон ва  чорабиниҳои сатҳи  ҷаҳонӣ Парчами мо барафрохта мешавад, ҳар яки моро ҳисси баланд аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад. Аз ин рӯ,  Парчами давлатӣ рамзи бахту саодат сарбаландии миллату давлат мебошад.  

Парчамдорию парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аҷдодонамон аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Аз навиштаҳои “Шоҳнома” - и  Фирдавсӣ бармеояд, ки парчамдории миллати мо аз он рӯзе оғоз мегардад, ки Коваи оҳангар пешдомони чармини худро дирафш карда, мардуми ситамдидаро барои мубориза бар зидди Заҳок даъват намуд ва номи онро Дирафши Ковиёнӣ гузошт.

Қабули Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлоли ва ҳам даврони вазнину сангини миллат раванди давлатдорӣ ва мазмуну мундариҷаи зиндагию тафаккури халқи моро дигар кард. Он дар ҳақиқат иқдоми олии ватандӯстона буд. Ҳанӯз аз хотир нарафта ва дар пеши чашмонамон ҷилвагар аст, ки дар он Иҷлосияи сарнавиштсози миллат Сарвари тозаинтихоби давлат дар назди Парчами Тоҷикистон бо муҳаббату самимияти хос сари таъзим фуруд оварданд ва онро бӯсиданд. Аз ҳамон рӯз мардум боварӣ ҳосил намуд, ки Тоҷикистон Сарвари ҳақиқии худро пайдо намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат  ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 – уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.  

 Ба  хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдорӣ ёфт. Сиюми августи соли 2011 дар маркази пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо паҳноии 30  ва дарозии 60 метр дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. 

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободиии кишвари зебоманзарамон бо тобиши се ранг ранги сурх – озодию истиқлол, ранги сафед- сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуни фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

         Рангҳои Парчами мо хушҷило,

         Тоҷи он мероси кайшоҳӣ мо.

         Ҳафт ахтар, ҳафт бурҷи роҳи нур,

         Роҳкушои олами бахту сурур.

         Тоҷикистон, Парчамат  пояда бод,

         Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод

       

Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Имрӯз мо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ  ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба  ҷавонону наврасон ва насли калонсол  талқин намоем.

    

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg