БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОДО ТОҶИКИСТОН КИШВАРАМ!

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Эмомалӣ Раҳмон.

АНДЕША. Парчам яке аз арзишмандтарину волотарин муқаддасоти миллист. Баёнгари куҳанбунёдӣ, сохибфарҳангӣ, озодиву сулҳу оромии саросарӣ , муттахидӣ ва ору номуси ватандорист.  Парчам  муаррификунандаи давлат дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Парчам рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат буда, ҳануз аз замонҳои қадим нишони шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст.

Аҷдодони мо дар аҳди қадим аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти соҳибдавлатии онҳоро ифода мекард, ки он Дирафши Ковиён ном дошт.

Дирафши Ковиён дар сарзамини Ориё - Вайяча ҳамчун ваҳдат ва давлатдории ориёӣ  қабул карда мешуд.

Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ шаҳодатдиҳандаи дирафши ковиёни буда, дар бораи муборизаи Коваи оҳангар бар зидди қувваи бадӣ - Заҳҳок маълумот медиҳад. Коваи ҷасур пешбанди  чармини худро ба ҳайси дирафш – парчам истифода намуда, онро баланд бардошта мардумро бар зидди қувваҳои аҳриманӣ ба мубориза даъват менамояд ва билохира ғолиб мебарояд. Аз ин ҷост, ки варзишгарон дар баробари ғолибият бар рақиб парчами миллиашонро баланд мебароранд.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ точикон соҳиби Парчам гардидаанд.

Парчами  миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, муттаҳидиву сарчамъӣ, мардонагиву матиниродагӣ ва нангу номуси миллии мо буда, бузургтарину олитарин мақсаду мароми точиконро дар чилои рангҳои худ инъикос менамояд.

Хулоса ҳар яки мо шаҳрвандони ҷумҳуриро мебояд, ки аз Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи давлатдорӣ ифтихор дошта бошему эҳтиромашро ба ҷо орем.    

         Қурбонова М, Роҳбари Намояандагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шохин                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg