БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИРОМ ВА АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ АЗ РУКНҲОИ АСИЛИ ВАТАНДОРИСТ!

АНДЕША. Бузургдошти рамзӽои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ воқеан рисолати аслии шаӽрвандии ӽар соӽибватан маӽсуб мешавад. Чунин садоқатманди ба арзишӽои миллиро метавон сидқан дар тафаккури ӽар як сокини ноӽияе, ки як узви Тоҷикистони азизи мо баӽисоб меравад, метавон бар аъло дарк намуд.

Таърихи беш аз 80-солаи мавҷудияти ноӽия борӽо ин нуқтаро собит карда аст. Парчами давлатӣ аз он рукнӽоест, ки дар арсаи байналмиллалӣ миллату давлатро муаррифӣ менамояд. Рангӽои дар Парчами давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон ҷилобахшанда ӽар як кадом маънии баландро дорад. Агар ранги сурх рамзи ҷасоратмандӣ, ҷонисори ва неруву тавоноиро ифода кунад, ранги сафед маънии покиву покизагӣ фазои сулӽу оромишро дорост, ранги сабз бошад таҷассумгари сарсабзии ӽаёт ва табиати шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад.

Насли ҷавони мо бояд маъниӽои асили рангӽои парчамро дарк намоянд ва бо шукрона аз самои беғубори сулӽу ваӽдати миллии Тоҷикистон ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд. Барои миллати тоҷик парчам таърихи қадима дорад. Тоҷикон аз даврони Коваи оӽангар то ин ҷониб парчамро муқаддас медонанд ва чун рамзи ягонагию иттиӽод ва давлатдории миллӣ ба он эътиқоду эътимод доранд. Ин аст, ки то замони мо ба номи Дирафши ковиёнӣ нахустин ливо дар таърихномаи миллатӣ мо сабт шудаву аз насл ба насл ин садоқатманди идома дорад. Парафшонии парчам шабеӽи кабутари хушболест, ки фазои сулӽу оромиши кишваро дар худ иникос менамояд.

Насли ҷавони мо, ки ояндасози ҷомеа баӽисоб меравад, ба қадри ин Ватан ба қадри қаӽрамониву бунёдкориӽои Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон, ки ӽар нафас аз қадами мо, ки аз дастуру раӽнамоиӽои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат маншаъ мегирад мерасад ва зери парчами давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон барои шукуфоии диёри хеш ва таӽкими ояндаи давлатдории миллӣ дар шоӽроӽи созандагиву бунёдкориӽо устуворона мубориза мебаранд.

 

С. Ҳафиза - раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТдар н. Восеъ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg