БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сокинони сарбаланди вилоятро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд.

Парчами миллӣ барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, муборизаву ҷоннисориҳо барои даст ёфтан ба озодиву Истиқлолият, ифодагари ҳувияти миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва нангу номуси ватандорӣ буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи худ - озодиву истиқлол ва барпо кардани давлати миллӣ, ки дар он зиндагии шоиста ва осудаи мардум таъмин бошад ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро муаррифи менамояд.

Вале барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад.

Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Парчами мо нишон аз таърихи чандинҳазорсола мост ва гӯётарин гувоҳ бар он аст, ки тоҷик на фақат дар фарҳангу илми умумибашарӣ саҳми бориз дорад, балки дар давлатдориву давлатсозӣ низ яке аз миллатҳои бунёдгузор ва яке аз аввалин ливодорон ба ҳисоб меравад.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Мо таҳти ҳамин Парчам ба Ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳукуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Мо халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнату талошҳои ободкоронаи худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз аз рӯз Парчами ватанро баландтар афрохта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба он ҷилои тоза мебахшем.

Ҷашни Парчами давлатиро бори дигар ба кулли мардуми Тоҷикистони азиз, муборакбод мегӯем ва ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон шодиву сурури идона, тансиҳативу хонаободӣ ва комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад. Бигзор баландии Парчами давлатӣ, сарбаландии ҳар як сокини Тоҷикистон ва қомати росту устувори давлату миллат боқӣ бимонад.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед ҳамватанони азиз!

 

23.11.2019, ш. Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg