БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ҶАВОНОН СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ ГАРДИДАНД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Конференсияи XXI - уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баргузор карда шуда, дар он  муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, муовини раиси шаҳр Абудназарзода Шоиста ва 300 нафар вакилон аз ташкилотњои ибтидоии ҳизбӣ иштирок дошатнд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба фаъолияти 2,5 сола ҳисобот дода, зимни ироаи ҳисобот мавсуф иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳр афзуда, назар ба соли 2017 23 адад ташкилоти ибтидоӣ  зиёд шудааст.  Кумитаи иљроия  ба зиёд намудани шумораи аъзо аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд таваҷҷуҳи махсус дода, дар ин давра аз шумораи умумуии аъзои ҳизб 48,2 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳад.

Сипас, раиси комиссияи тафтишотӣ доир ба фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроия дар тӯли 2,5 соли охир ҳисобот дод.

Дар навбати худ чанде аз вакилону собиқадорони ҳизб ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро дар бораи фаъолияти ҳизбӣ баён дошта,  ҳисоботи Кумитаи иҷроияро қаноатбахш ҳисобиданд.

Дар охир ба як гурӯҳ фаъолон, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, бо  Сипосномаҳои вилоятӣ қадрдонӣ карда шуда,  ба 10 нафар аъзои ҷавон шаҳодатномаҳои ҲХДТ ва ба 5 нафар  донишҷӯёни болаёқат стипендияи ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg