БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ТЕРРОРИСТИИ ҲАМЛА БА ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “ИШҚОБОД”-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои терорристӣ ва экстремистӣ ба ташвиш овардааст. Терорризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошад, ки ба амнияти миллӣ ҳар як мамлакат   хатар эҷод мекунад.   

Гурӯҳи терорристии бо ном «Давлати исломӣ» ҷавононро бо ҳар гуна роҳу усулҳо ба доми худ кашида, сапас онҳоро ба куштору қатл ва анҷом додани таркишҳо равона месозад.

Рӯҳониён ва исломшиносон пайваста таъкид мекунанд, ки гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, ки амалҳои террористии худро бо номи «Ҷиҳод» анҷом медиҳанд ба ислом ҳеҷ робитае надоранд.

Чӣ хеле, ки аз сомонаҳои интернетӣ огоҳ ҳастем, шаби 06-уми ноябри соли ҷорӣ як гурӯҳи террористии аъзои «Давлати исломӣ» бо истифода аз торикии шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, ки мақсад аз ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи гуруҳҳои терористӣ ноором сохтани фазои Тоҷикистони азизамон мебошад.

Онҳо мехостанд дар натиҷаи амалётҳои нопоки худ хуни ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро резонанд. 

  Мо   шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои тинҷу осудаи кишвари азизамон зиндагонӣ дорем, аз як гиребон сар бароварда ҳама як ҷону тан  марзу буми Ватани азизамонро пос медорем.  Мо вазифадорем, ки ҳамчун фарзанди бо нангу номуси Ватан ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намуда, ватани азизамонро ободу зебо гардонем.

Мо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён амали нангину ҳайвонии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро маҳкум карда, ба ин ҳайвонсиратҳо нафрат дорем.

        Ба наздикону хешовандони ҳалокшудагони ин ҳодиса, ки яке афсари Қушнҳои сарҳадӣ ва дигаре корманди Вазорати корҳои дохила мебошанд, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем. Ин нафарон қаҳрамононе ҳастанд, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ҷони хешро дареғ надоштанд. Номи ин шахсиятҳо ҳамеша   ҷовидон мемонад!

Абдуллоев Мирвоҳид, мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg