БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАДРИ ГУРӮҲИ 24

ВОКУНИШ.Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои рӯ ба инкишофниҳода буда, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳои қудратманд на ҳамеша барои кишвари мо таъсири мусбат мерасонанд. Ҳамин аст, ки тайи чан соли охир намояндагони гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳар восита кӯшиш мекунанд, ки  бархе вз ҷавонони кишвари моро фирефта намуда, онҳоро дар доми худ кашида бо ҳадафҳои нопоки худ барои ноором гардонидани Тоҷикистони азиз истифода баранд. Яке аз ин гурӯҳҳо Гурӯҳи 24 мебошад, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъ аст.  Ин гурӯҳро, ки соҳибкори фирорӣ аз Тоҷикистон ба номи Умаралӣ Қуватов таъсис дода буд, тирамоҳи соли 2014 мамнуъ эълон шуд. «Гурӯҳи 24», як созмони мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон феълан мамнуъ гардидаи «Гурӯҳи 24» дар моҳҳои охир яке аз гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии қарор гирифтааст, ки бо сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши бефоида ва дахолати муғризона ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аврупо истода санги маломат ба  миллат зада истодааст. Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ (Ютуб ё Инстограм) дар барномае ба номи Садои мардум суханҳои фитнаангез ба забон оварда истодаанд.   Аз қадимулайём дар ҳамаи даврҳо бар зидди пешрафт ва тараққиёти давлату миллат ва ё халқиятҳо боз гурӯҳҳое буданд, ки ба хотири расонидани таъсири манфӣ, аз байн бурдани осоиштагӣ, аз худ кардани дороӣ мубориза бурда, зарарҳои худро мерасонанд. Ин зуҳурот имрӯз ҷомаи нав ба бар кардааст. Давлатҳои қудратманд ба хотири расидан ба ҳадафҳои болозикр гурӯҳҳои махсуси худро ташкил карда, давлатҳои осоиштаро ноором месозанд. Мутуассифона ин таҷриба то ба ҳол барои мафкурапардозони мухолифини давлат сабақ нашудааст. То кунун баъзе фирориёни ин ҳизб, ки террористу ифротӣ эълон шудаанд дар хориҷа аз “дин”, «адолат», «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯй кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият бар кашида, иқрор шаванд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои дин ва миллат эҷод кардаанд.

Назаралӣ Кассиров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg