БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАРАФӢ ОҚИБАТҲОИ НОХУШ ЭҶОД МЕКУНАД!

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

“Бисёр мехостам, ки падару модарон, муаллимону муррабиён, зиёиёну эҷодкорони мо насли ҷавонро дар рӯҳияи ростию покӣ ва адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии таърихӣ ба истифода аз мероси маънавию ахлоқии миллаташон ва гузаштагони ориёниамон тарбият намоянд”.

Таъкидҳои Сарвари давлат оид ба терроризм ва экстремизм ва пешгирии он аз тарафи кулли шаҳрвандон аз ҷумла, ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 шаҳри Кӯлоб ҳамовозӣ пайдо кард.

Ин гуфтаҳои боло мо, омӯзгоронро вазифадор кард, ки дар ҷараёни таълим, машғулиятҳои иловагию ҷойҳои ҷамъиятӣ шогирдонро вобаста ба гуфтаҳои Пешвои миллатамон тарбия намоем, зеро як лаҳзаи бетарафӣ оқибатҳои нохуш ва нобахшиданӣ эҷод мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав аз тарбияи нодуруст дар оила сарчашма мегиранд. Барои ин ба тарбияи дурусти фарзанд бояд аз хурди аҳамият дода шавад. Волидайн бояд дар оила ба омӯзиши рукнҳои тарбия аз ҷумла ба тарбияи ватандӯстӣ, омӯзиши ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, одамдӯстӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ намоянд.

Масалан, падару модароне ҳастанд, ки барои хурсандии фарзанди хурдсолашон аз харидории таппонча ё дигар намуди яроқҳои бачагона худдорӣ намекунанд. Ин як амалӣ оддӣ менамояд, вале бо бузург гардидани тифл меҳру муҳаббати ӯ ба яроқ зиёд шуданаш мумкин аст. Дар оянда волидайн  фақат дар ҳимояи Ватан истифода кардани он ҳарфе намезананд. Агар дар оила оид ба ҳаракатҳои номатлуби замон ё шомилшавии бархе аз ҷавонон, ки дар оянда боиси таасуф ва бадбахтии оила мегардад, таъкид намоянд ин бе натиҷа намемонад. Фаҳмондадиҳиҳо минбаъда дар муассисаҳои таълимӣ ба таври бояду шояд таъкид ёбад, самараи хуб медиҳад. Муаллим метавонад дар як дарси тарбиявии худ бо истифода аз роҳу усулҳои педагогӣ чунон ба шогирдонаш таъсири натиҷабахш алайҳи терроризм ва ҳаракатҳои тандраву оқибатҳои он расонад, ки то охири умр аз хотир набароранд. Ташкил намудани саҳначаҳои махсус ба монанди “Оқибати шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои номатлубу тундрав ва таъсири баду аламовари он ба ойла” аз аҳамият холӣ нест.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и шаҳри Кӯлоб вохӯриҳою конфронсҳо ва машваратҳо, ба устодону шогирдон ва падару модарон оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016 №776 дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар мавзӯъҳои гуногун:

  • Терроризм ва роҳҳои пешгирии он;
  • Терроризм вабои аср;
  • Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ;
  • Пешгирии хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеъа ва ғайра гузарониданд.

Дар баробари конфронсҳо дар ҳар синф ва гурӯҳҳо оид ба мавзӯи “Амалиёти террористӣ дар ҷаҳон ва оқибатҳои бади он” дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шуда истодааст.  

Гуландом Қурбоназарова – аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg