БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДУЮНИМСОЛАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар толори бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон  Конференсияи 14 -уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар Конференсияи 14-уми ҳисоботӣ-интихоботӣ узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед ва намоянда аз  Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ  Ҳусейнзода Наврӯз иштирок намуданд.

Дар конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар давраи аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотӣ, интихоби  вакилон ба Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир  Саидзода Ҷамшед ва Ҳусейнзода Наврӯз ба музокира баромада, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, чорабиниҳои ҳизбӣ  аз ҳамагон даъват ба амал оварданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg