БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФИРЕНСИЯИ 17-УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ ДОИР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ зимнан ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия оид ба фаъолияти Кумита аз нимсолаи дуюми соли 2017 то ноябри соли 2019 шунида шуда, вакилони конференсия аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Инчунин, аъзои комиссияи тафтишотӣ, Кумитаи иҷроия ва вакилони конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд. Ҳамзамон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Дилафрӯзи Абдулло ва раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад оид ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ карданд ва ҷамъомадагон ҳисоботи Кумитаи иҷроияро қаноатбахш ҳисобиданд.

Дар охир  фаъолони ҳизб, ки дар татбиқи ғояҳои  созандаи ҲХДТ  саҳми назаррас доранд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ  сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg