БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИМРӮЗУ ОЯНДАИ КИШВАР АЗ ҶАВОНОН ВОБАСТА АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Фархор бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳия мулоқот намуд.

Мақсад аз баргузории ин мулоқот тарбия ва роҳнамоӣ намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, илмомӯзӣ ва дар тафаккури онҳо бедор намудани ғурури миллӣ буд.

  Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"   дар баромадаш қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз минбарҳои баланд ҷавононро нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеъа меҳисобанд. Набояд фаромӯш кард, ки ватансозӣ ва пешравии миллат танҳо бо донишу заковат ба даст меояд. Гузаштагони мо рисолати худро анҷом дода, барои мо давлату миллат сохтанд, акнун навбати мо ҷавонон аст. Ояндаи ин миллат, ин давлат дар дасти мову Шумо аст, пас моро зарур аст аз дирӯз дида имрӯз бештар илм омӯзем, бештар китоб хонем ва рӯшангароӣ намоем.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg