БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОНИ СОДИҚИ ВАТАНЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон-аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд. Дар  мулоқот намояндагони ҳизб иштирок ва баромад намуданд.

Масъулони чорабинӣ изҳор карданд, ки дар панҷ соли охир чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ба монанди интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, райъпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳама асосиаш мо ҷашни фархундаи 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷткистонро бошукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтем. Дар сатҳи баланд доир намудани чунин маъракаҳои муҳим шаҳодат аз ободиву осудагии кишвари азизамон медиҳад.

Ичунин, гуфта шуд, ки мо дар марҳалае кору фаъолият дорем, ки ҷаҳонро буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар гӯшаҳои мухталифи сайёра воқеаву таҳаввулоте ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеаи мо низ бетаъсир намемонанд.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар ин замина фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас гардонем.

Дар охир таъкид шуд, ки мо ҷавонон ояндаи ин давлату миллат ба ҳисоб рафта, вазифадорем, ки ҷиҳати бомуваффақият гузаштани маъракаҳои муҳимми сиёсии дарпешистода саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg