БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ОГОҲОНИДАНИ СОКИНОН АЗ ХАВФУ ХАТАРҲОИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сино”-и ноҳияи Қубодиён доир ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, бемориҳои сироятие, ки имрӯз ҷаҳон аз хавфи онҳо дар ташвишаст  мулоқот доир карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ доир ба мафҳум ва моҳияти экстремизм ва терроризм сухан гуфта, қайд карданд, ки терроризму экстремизм имрӯз кулли мардуми сайёраро нигарон кардаст. Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳми тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст.

Инчунин, қайд карда шуд, ки терроризм яке аз шаклҳои мураккабтарини зуҳуроти номатлуб буда, дар инкишофи инсоният ҳодисаи нав нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим рӯ овардани қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош доштанд, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои  гуногун террорро ҳамчун воситаи самаранок барои расидан ба ҳадафҳои худ медонистанд ва барои расидани ҳадафҳои ғаразноки худ аз ҳар усулҳои мавҷудбуда  истифода бурда, бештар ҷавононро ба доираи худ ҷалб менамоянд.

Дар охир ҷамъомадагон суханрониҳои судмандро якдилона дастгирӣ карда,амалҳои нангини  ҳизу ҳаракатҳои тундгароро  маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg