БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДИИ ВАТАН ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасии самҳои афзалиятноки ҳизб дар ташкилоти ибтидои “Кафолати Сарбанд”-и шаҳри Левакант вохӯрӣ доир гардид.

Масъулини кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ қайд карданд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ имрӯз мо дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави такмили ғояҳо ва рушди давлатдории миллӣ бо талошу фидокориҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи пеш равонем.

Оғози тадбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба фаъолият оғоз кардани чархаи аввали неругоҳи барқии обии Роғун, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон  заҳматҳои беназири Роҳбари давлат мебошад, ки сари ҳамаи мо тоҷику тоҷикистониёнро дар миёни соири кишварҳо ва миллатҳои дунё баланд намуда, эътимоди моро ба ояндаи дурахшон қавитар ва азму иродаи моро барои созандагию бунёдкорӣ таҳти сарварии хирадмандонаи хеш ба маротиб устувор гардонид.

Дар охир масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аҳли иштирокдоронро барои саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатӣ  даъват намуданд.

       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg