БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАК БОШАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳумо”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда  шуд. Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия иштирок дошта, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешгирӣ аз бамориҳои сироятии (ВИЧ СПИД) ибрози назар намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ташвиш овардааст. Терорризм аз ҷумлаи зуҳуроте мебошад, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат хатар эҷод мекунад. Айни замон гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ» ҷавононро бо ҳар гуна роҳу усулҳо ба доми худ кашида, онҳоро ба куштору қатл ва анҷом додани таркишҳо равона месозанд. Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид намуданд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки амалҳои террористии худро бо номи «Ҷиҳод» анҷом медиҳанд, ба ислом ҳеҷ робитае надорад.

Дар идома, масъулин оид ба дуруст ба роҳ мондаи ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ва вазифахои аввалиндараҷаи ташкилот суханронӣ намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg