БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН МАНБАИ НУРУ ЗИЁ ВА САРЧАШМАИ РУШД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳнаткашон»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулон дар рафти чорабинӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиданд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои  нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлатамон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ самараҳои нек ба бор овард. Маҳз бо шарофати ин иқдомҳо бори аввал аз зимистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бемаҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.

Таъкид шуд, ки инак мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ ба ин орзуи чандинсолаи худ расид ва фикр мекунем, иншооти мазкур дар даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин дастоварди халқи тоҷик ба шумор меравад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg