![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20191120_091520.jpg?itok=Tj7D9sR1)
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū. Тибқи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии “Кӯдакистони №1”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ гузаронида шуд.
Масъулони Кумитаи иҷроия оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, ҳифзи асолати миллӣ суханронӣ карданд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи саҳми омӯзгорону мураббияҳо дар таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ, арҷгузонӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дигар паҳлуҳои тарбияи насли наврас баромад кард.