БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МО ИФТИХОРИ МОСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимнан, масъулин  вобаста ба аҳамияти  Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи Президент баёни андеша карда, қайд намуданд, ки Иҷлосияи таърихии 16–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Бо саъю кӯшиш ва талошҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзонаи миллат, Тоҷикистон аз парокандагӣ наҷот ёфт.

Дар идома қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Зеро аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун Сарвари давлат ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона пайваста кӯшиш мекунанд. Ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд, дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин онҳоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудан аз вазифаҳои асосии Ҳукумат ва ҲХДТ маҳсуб меёбад.

Дар ин чорабинӣ баромадкунандагон, таъкид намуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал иҷро намуда, барои ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият саҳмгузорӣ намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg