БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ШАФФОФ ГУЗАШТАНИ ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ҲАМА МАСЪУЛЕМ

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри  баррасии як қатор масъалаҳои муҳим бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз»-и ноҳия  вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти суҳбат  масъулин вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фикру андешаҳои хешро баён дошта, афзуданд, ки иштироки фаъолонаи ҳар як аъзои ҲХДТ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ ва маъракаи муҳими сиёсӣ  шарт ва зарур буда, моро лозим аст дар шаффофу демократӣ  гузаштани  ин  чорабинии сиёсӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоем.

Инчунин, дар ин раванд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ доир гардида, шахси соҳибмаърифат  раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg