Ш.ШОҲИН. Дар толори муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Конференси 13-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи мазкур баргузор карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин Назарзода Толибҷон конфронси ҳизбиро кушода баъд аз интихоби раёсати корӣ Конференсия ба кори худ шурӯъ намуд.
Ҳисоботи 2,5 солаи раиси Кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотӣ шунида шуд. Ғоибзода Н- раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён», Зокирзода Р- раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» ва як чанд нафар собиқадорону аъзои фаъоли ҳизб ба музокира баромада фаъолияти 2,5 солаи Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳинро босамар ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳусейнзода Наврӯз ба сухан баромада дар бораи саҳми арзандаи ҳизбиёни вилояти Хатлон дар рушду нумӯи кишвар ва омодагиҳои мардуми вилоят дар маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода ва фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин маърӯза намуданд.
Қисмати интиҳоии конфронс бо тақдими стипендияи раиси Кумитаи иҷроия ба 2 нафар ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявию вилоятии ҲХДТ ҷамъбаст гардид.