БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОНИШҶӮЁНИ ЛАЁҚАТМАНД БО СТИПЕНДИЯИ ҲИЗБӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

МӮЪМИНОБОД. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур ва  иштироки 190 нафар вакилон  аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» Конференсияи XIII-уми ҲХДТ баргузор гардид.

Зимнан кори Конференсияро раиси Кумитаи иҷроия ифтитоҳ бахшида,  дар назди ҷамъомадагон  дар давраи ҳисоботӣ   маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Инчунин, дар идома ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии ҲХДТ «Дар бораи фаъолияти молиявӣ аз моҳи майи соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019», интихоби ҳайати Кумитаи иҷроия, интихоби ҳайати комиссияи тафтишотӣ, Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи 12-уми ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар охир ҳисоботи Кумитаи иҷроияро ҳамагон қаноатбахш ҳисобида,  ба ду нафар толибилмони лаёқатманд аз ҳисоби Кумитаи иҷроия стипендияи ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg