ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш ба хотирӣ омодагӣ ба истиқболӣ санаи муҳими таърихӣ, 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Дар доираи чунин ободкориҳо роҳҳои саҳни Беморхонаи марказӣ бо кумаки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳия таъмир шуда истодаанд. Пас аз анҷоми Аксияи мазкур намояндагони Кумитаи иҷроия назди ҳозирин оид ба ҳадафҳои созандаи ҳизб, азҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки барои ҷомеаи имрӯза муҳим аст сухан гуфта, барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.