БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕШАВАД!

КӮШОНИЁН. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Озодии меҳнат”-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа бо иштироки сокинон  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.

Иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ дар таъмири 320 метр хатти қубурҳои ташноби деҳаи худ  саҳми худро гузошта, ният доранд, ки дар таъмири  380 метри дигар низ саҳм гузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки Аксияи мазкур бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуда, дар оянда низ чунин иқдомҳои неку созанда идома  меёбад.

Дар охир масъулин оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбат карда шуда, сокинон ба ватандӯстиву худогоҳии миллӣ даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg