КӮЛОБ. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷ. Алӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ гардид.
Мулоқот бо иштирок ва суханронии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оғоз гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сухан баромада, гуфтанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи итихоботҳо қарор дорад ва бо дарназардошти ин моро мебояд бо дарки баланди масъулият дар сатҳи демократӣ баргузор намудани итихоботҳои дарпешистода ва интихоби вакилони арзанда, инчунин шаффофият ва дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баргузор намудани ин маъракаҳои сиёсӣ бетарафӣ накарда, бо фаъолии худ нишон диҳем, ки имрӯз миллати тоҷик метавонад бо мафкураи ояндасозии худ ҳамчун миллати тамаддунофар чунин чорабиниҳои муҳимми сиёсиро дар сатҳи баланд баргузор намояд.