ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сабзихарф»-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир карда шуда. Дар он раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба масъалаҳои Конференсияи 14-уми ноҳиявии ҳизб, ки дар он ҳамчун вакил иштирок дошт андешаронӣ намуд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур қайд намуданд, ки иҷрои ҳадафҳои олии ҳизб, ҳамагонро ба зиндагии шоиста мерасонад. Мақсад ва мароми ҳизбиён таъмини зиндагии арзанда буда, барои он ҳамаҷониба талош меварзад.